9 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Созишномаи чаҳорчӯбаи ҳамкории стратегӣ байни ҶДММ «Тоҷикистон Табиб Дору Роз» (бренди SAFROSE) ва ширкати «Gabas Trading Co.»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ ва намояндаи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Ал-Асмарӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси Палата оид ба раванди рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва аҳамияти густариши ҳамкориҳои мустақими байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ибрози назар намуда, қайд кард, ки Палатаи савдо ва саноат дар доираи ваколатҳои оинномавии худ барои таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, Раиси Палата намояндагони ширкати саудиро барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026», ки рӯзҳои 12-14 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Мавриди қайд аст, ки Созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаи дорусозӣ, густариши робитаҳои мустақими байни ширкатҳо, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои пешбурди маҳсулоти дорусозӣ дар бозорҳои ду кишвар равона гардидааст.
Тарафҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки баимзорасонии Созишномаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат, рушди шарикии тиҷоратӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи дорусозӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸