Санаи 01 декабри соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея вохӯрии ҳайати гурӯҳи кории байнидоравӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба татбиқи қисми 3-и он – Барномаи рушди таҳвилгарон (Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикстон Ҷамолзода Абдуғаффор, Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулозода Шамсулло, Муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, cертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Раъно, Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон ва дигарон) бо роҳбартияти Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ (KOTRA) баргузор карда шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ (KOTRA) вобаста ба таърихи пайдоши ширкати мазкур, мақсад ва вазифаҳо, хизматрасониҳо ва дигар маълумотҳои лозима пешниҳод карда шуд.
Ҳайати гурӯҳи кории байнидоравӣ маълумотҳоро вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, вазъи содирот, вазъи соҳибкорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва имтиёзҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ширкати мазкурро ба чорабиниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузормегардида, аз ҷумла форуму намоишгоҳҳои банақшагирифташуда, даъват намуданд.
Ҳамзамон, Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудан ба маълумотҳои лозима вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбарияти роҳбарияти Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ (KOTRA) “Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Палата дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо таҳия карда шудааст, пешниҳод намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ