15 январи соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Ҷаласаро Раиси Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ оғоз намуда,
нуқтаҳои муҳими дар Паёми аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои иқтисодӣ, соҳибкориву сармоягузорӣ,
саноат ва рақамикунонии иқтисодии кишварро қайд намуд.
Қайд гардид,
ки тадбирҳои амалинамуда имкон доданд, ки давоми 10 соли охир ҳаҷми маҷмуи
маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби
миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7
баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли
2025 расонида шуд.
Раҳмонализода
Ф. Р. қайд намуд, ки бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи
ислоҳотҳои гузаронидашуда дар самти дастгирии бахши хусусӣ имрӯз субъектҳои
соҳибкории кишвар ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардида, дар
мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70
фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар
рафти ҷаласа доир ба дигар нуқтаҳои асосии дар Паём зикр гардида, маълумоти
таҳлиливу асоснок доир ба самти Палата дахлдорро пешниҳод намуд.
Дар интиҳо
сардорони воҳидҳои сохторӣ ва палатаҳои вилоятиро барои саривақтӣ ва босифат
иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паём додашуда, ки ба самти Палата марбут
мебошанд, вазифадор кард.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ