27 январи соли 2026 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистонро тариқи маҷозӣ баргузор намуд.
Дар кори ҷаласа Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович, Муовини якуми Президенти Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон муҳтарам Сакиб Файёз Магун, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва зиёда аз 40 нафар соҳибкорон аз ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Палата вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни палатаҳои савдо, аз ҷумла имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ суханронӣ намуда, ҷониби Покистонро барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои иқтисодӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 ба нақша гирифта шудаанд, даъват ба амал овард.
Қайд гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон дар соли 2025 ба 43 миллион доллари ИМА расидааст. Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ҷаласаи имрӯза тақвияти робитаҳои мустақим байни ҷомеаҳои соҳибкории ду кишвар, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистону Покистон мебошад.
Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар бо рӯнамоҳо (презентатсияҳо) баромад намуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва КВД «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуда, оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои фаъолияти худ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ