Ба диққати ҳамаи соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасон расонида мешавад, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»-ро дар соли 2026 дар арафаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Иштирокчиён метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тибқи талаботи пешбининамудаи Кумитаи тадорукотии озмун то 20 июли соли 2026 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар суроғаӣ: шаҳри Душанбе, кучаи Валаматзода 21 ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии мазкур ozmuncci.tj@gmail.com пешниҳод намоянд.
Барои дастрас намудани намунаи ариза ва номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима метавонед ба рақамҳои тамосии дар поён нишон додашуда, муроҷиат намоед.
Маълумот барои тамос:
Тел.: 2271360;
Моб/WhatsApp: +992900245566; +992905303837;