31-умин Намоишгоҳи байналмилалии бастабандӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо - ТПП Республики Таджикистан

31-умин Намоишгоҳи байналмилалии бастабандӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо

31-умин Намоишгоҳи байналмилалии бастабандӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо
13–16
Октябр 2026

Маълумоти асосӣ

Сана:
13–16 октябрь 2026
Кишвар:
Туркия
Шаҳр:
ш. Истамбул
Макони баргузорӣ:
шаҳри Истанбул, Ҷумҳурии Туркия
Уровень
Сатҳ:
Байналмилалӣ
Оғози чорабинӣ:
13 октября 2026
Шумораи хонандагон:
53

Формат ва ташкилоткунанда

Организатор
Ташкилоткунанда:
«TÜYAP»
Формат
Формат:
Офлайн
Форма участия
Шакли иштирок:
Организатор
Tuyap Georgia

Тавсифи чорабинӣ

Аз 13 то 16 октябри соли 2026 дар Маркази намоишгоҳӣ ва конгрессии «TÜYAP», шаҳри Истанбул, Ҷумҳурии Туркия, 31-умин Намоишгоҳи байналмилалии бастабандӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо баргузор мегардад:

Ширкати бузургтарини намоишгоҳии Туркия «TÜYAP» Шуморо, инчунин ташкилоту ширкатҳои тиҷоратии муваффақона дар ин соҳа фаъолияткунандаро барои иштирок дар намоишгоҳ даъват менамояд.

Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2B бо ширкатҳои иштироккунанда баргузор мегарданд, ки дар онҳо Шумо имконият пайдо мекунед, бевосита аз истеҳсолкунандагон бо маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ шинос шавед.

Барои ворид шудан ба маркази намоишгоҳӣ лутфан тавассути пайванди зерин онлайн ба қайд гиред:

Бақайдгирии онлайн барои иштирок дар намоишгоҳ

Барои ширкатҳои касбӣ ва соҳибкороне, ки хоҳиши боздид аз намоишгоҳро доранд, барномаи махсуси боздид пешбинӣ шудааст. Шумораи ҷойҳо дар доираи барнома маҳдуд мебошад.

Ба барнома дохил мешаванд:

  • Ду шабонарӯз иқомат бо субҳона дар меҳмонхонаи дараҷаи тиҷоратӣ дар шаҳри Истанбул;
  • Хизматрасонии интиқол: меҳмонхона – маҷмааи намоишгоҳӣ – меҳмонхона;
  • Промокоди махсус барои бақайдгирии ройгони онлайн.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар намоишгоҳ тибқи барномаи махсус 14 сентябри соли 2026 мебошад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан ба мо тавассути тамосҳои зерин муроҷиат намоед.

Дар файли замимашуда метавонед брошюраи намоишгоҳро мутолиа намоед.

Чорабиниҳои монанд

  • Кишвар: Туркия
  • Шаҳр: ш. Истамбул
  • Формат: Офлайн
Муфассал