ИННОПРОМ. Беларус — 2026 - ТПП Республики Таджикистан

ИННОПРОМ. Беларус — 2026

ИННОПРОМ. Беларус — 2026
30.09–02.10
Сентябр 2026

Маълумоти асосӣ

Сана:
30.09–02.10 сентябрь 2026
Кишвар:
Ҷумҳурии Беларус
Шаҳр:
ш. Минск
Макони баргузорӣ:
Маркази байналмилалии намоишгоҳии Минск BELEXPO
Уровень
Сатҳ:
Байналмилалӣ
Оғози чорабинӣ:
30 сентября 2026
Шумораи хонандагон:
31

Формат ва ташкилоткунанда

Организатор
Ташкилоткунанда:
Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия
Формат
Формат:
Офлайн
Форма участия
Шакли иштирок:
Организатор
Василий Туганов

Тавсифи чорабинӣ

«ИННОПРОМ» — намоишгоҳи байналмилалии саноатии Федератсияи Россия мебошад, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар шаҳри Екатеринбург баргузор мегардад. Илова бар ин, дар тӯли 5 соли охир намоишгоҳ ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ баргузор мешавад. Намоишгоҳ инчунин дар Ҷумҳурии Миср (соли 2019) ва Ҷумҳурии Қазоқистон (соли 2023) баргузор гардидааст.

Ташкилкунандаи намоишгоҳ — Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия мебошад. Оператори намоишгоҳ — гурӯҳи ширкатҳои русии «Формика» (ҶДММ «Бизнес-Ивент») мебошад.

Ҷумҳурии Беларус аз соли 2012 дар намоишгоҳҳои «ИННОПРОМ» иштирок менамояд. Иштироки васеъмиқёси Ҷумҳурии Беларус соли 2023 дар намоишгоҳе, ки дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид, дар мақоми «кишвари шарик» сурат гирифт. Оператори ҳамаи экспозитсияҳо — Корхонаи воҳиди «Белинтерэкспо»-и Палатаи савдо ва саноати Беларус мебошад.

Бори аввал аз 29 сентябр то 1 октябри соли 2025 намоишгоҳи байналмилалии «ИННОПРОМ. Беларус» дар шаҳри Минск, дар заминаи Маркази байналмилалии намоишгоҳии Минск (минбаъд — ММНМ) баргузор гардид. Ташкилкунандагон аз ҷониби Беларус — Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус ва Палатаи савдо ва саноати Беларус буданд. Оператор — Корхонаи воҳиди «Белинтерэкспо» мебошад.

Масоҳати умумии намоишгоҳ беш аз 20 000 метри мураббаъро ташкил дод. Намоишгоҳ дар ду павилиони ММНМ бо масоҳати умумии 14 700 метри мураббаъ ва майдони кушоди беруна бо масоҳати умумии 6 000 метри мураббаъ ташкил карда шуд.

Дар давоми се рӯз чорабинӣ аз ҷониби беш аз 14 000 нафар аз 24 кишвари ҷаҳон боздид гардид: Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гана, Гурҷистон, Миср, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Куба, Малайзия, Мянма, Нигерия, Покистон, Россия, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон.

Дар намоишгоҳ 520 ширкат, аз ҷумла иштирокчиёни экспозитсияҳои дастаҷамъӣ ва иштирокчиёни инфиродӣ аз Беларус, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Малайзия, маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

Дар павилиони калон иштирокчиёни байналмилалӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла стендҳои дастаҷамъии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Вазорати саноат ва савдои Россия, 23 минтақаи Россия ва як қатор корпоратсияҳои давлатии Россия, аз қабили «Ростех», «Росатом», «Трансмашхолдинг» ва ширкати киштисозӣ муаррифӣ гардиданд.

Ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Малайзия ду иштирокчии инфиродӣ — «Шанхай Роньян Текнолоджи» ва «СиСи ТЕХ» — маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.