НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ (СҲШ)» - ТПП Республики Таджикистан

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ (СҲШ)»

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ (СҲШ)»
19–20
Октябр 2026

Маълумоти асосӣ

Сана:
19–20 октябрь 2026
Кишвар:
Тоҷикистон
Шаҳр:
ш. Душанбе
Макони баргузорӣ:
х. И. Сомони, 26, Душанбе
Уровень
Сатҳ:
Байналмилалӣ
Оғози чорабинӣ:
19 октября 2026
Шумораи хонандагон:
40

Формат ва ташкилоткунанда

Организатор
Ташкилоткунанда:
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Формат
Формат:
Офлайн
Организатор
Адолат Мирзошоева

Тавсифи чорабинӣ

Аз 19 то 20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)» баргузор мегардад.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба рушди долонҳои нақлиётӣ, модернизатсияи инфрасохтори логистикӣ ва рақамикунонии боркашонӣ дар фазои созмон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Намоишгоҳи соҳавии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)» - платформаи самаранок барои намоиши иқтидори давлатҳои аъзо дар соҳаи нақлиёт, логистика, мошинсозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва технологияҳои муосири логистикӣ мебошад.

Иштирок дар намоишгоҳ ба ширкатҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти худро муаррифӣ намуда, шарикони нави тиҷоратӣ пайдо кунанд ва ҳамкориҳои худро густариш диҳанд.

Дар доираи намоишгоҳ ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯрои кории СҲШ оид ба нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ баргузор мегардад, ки дар он коршиносони пешбар, намояндагони вазоратҳои соҳавӣ ва роҳбарони ширкатҳои логистикӣ ташкили хатсайрҳои логистикии бидуни монеаро дар фазои СҲШ муҳокима хоҳанд кард.

Баргузории чорабиниҳои зикршуда ба таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, рушди алоқаҳои корӣ байни идораҳои соҳавӣ ва ҷомеаи соҳибкорӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёту логистика дар фазои СҲШ мусоидат хоҳад кард.

Барои иштирок дар намоишгоҳ ширкатҳо аз кишварҳои аъзои СҲШ, инчунин кишварҳои шарик ва мушоҳидони назди СҲШ даъват карда мешаванд.

 

Тамос: Мирзошоева А. С.
Тел.: +992 93 587 7121
Почтаи электронӣ: adola.m@mail.ru

Чорабиниҳои монанд

  • Кишвар: Тоҷикистон
  • Шаҳр: ш. Душанбе
  • Формат: Офлайн
Муфассал