14 июли соли 2026 Нишасти матбуотии Палата оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ, Муовини якуми Раис, Муовини Раис, сардорони воҳидҳои сохтории Палата ва қариб 30 намояндагони васоити ахбори омма (ВАО) иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Палата Раҳмонализода Ф. Р. оғоз намуда, оид ба фаъолияти Палата дар нимсолаи якуми соли 2026 бо рӯнамо баромад намуда, вобаста ба корҳои дар ин давра анҷомдодашуда ба таври мухтасар ба ҳозирин маълумоти заруриро пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки яке аз вазифаҳои мубрами Палата ин баргузории намоишгоҳҳо дар дохил ва хориҷӣ буда, дар давраи ҳисоботӣ Палата дар 12 намоишгоҳҳои байналмилалии дар хориҷи кишвар баргузоргардида дар 6 давлати дунё муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ва иштироки соҳибкорони кишварро таъмин намудааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб (ш. Дубай), Ҷумҳурии Мардумии Чин, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ҳиндустон.
Дар доираи намоишгоҳҳо ва форумҳо ва миссияҳои тиҷоратии баргузоргардида ширкатҳои ватанӣ бо шарикони нави худ қариб 400 адад санадҳои ҳамкорӣ, ба имзо расониданд.
Ҳамзамон Раҳмонализода Ф. Р. ва кормандони палата дар якҷоягӣ ба саволҳои аз ҷониби хабарнигорон аз ВАО пешниҳод намуда ҷавобҳои мухтасар пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Палата ба иштирокунандагон, намояндагони ВАО ҷиҳати иштироки фаъолона миннатдорӣ баён карда шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸