ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТА БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ» - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТА БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ  «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»
ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТА БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»

16 июли соли 2026 вохурии Роҳбарияти Палата бо соҳибкорони ватанӣ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории ОЗМУНИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ» баргузор гардид.

Дар ҷаласа Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон Наимович, Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Нурализода Амрулло, Шарифзода Додихудо - роҳбари Ташкилоти "Маркази рушди зеҳни" шарики Палата оид баргузории ОЗМУНИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ» ва як қатор соҳибкорони ватанӣ-аъзоёни Палата иштирок намуданд.

Ҷаласаро Муовини якуми Раиси Палата Анваров Н. Н. оғоз намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷшударо ба иштирокунандагони ҷаласа пешниҳод намуд.

Сипас, оид ба ОЗМУНИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ» Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон Наимович бо рӯнамо баромад намуда, вобаста ба мафҳуми озмун, шартҳои иштирок дар озмун, ба таври мухтасар ба ҳозирин маълумоти заруриро пешниҳод намуд.

Дар анҷоми ҷаласа Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон Наимович соҳибкорони ватаниро ҷиҳати иштирок дар ОЗМУНИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ» даъват намуданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд