ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ БРЕСТ БАРГУЗОР ГАРДИД - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ БРЕСТ БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ БРЕСТ БАРГУЗОР ГАРДИД

28 июли соли 2026 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Директори генералии Палатаи савдо ва саноати Брест Валерий Лабун Болеславович ҷаласаи навбатии Шӯрои кории Тоҷикистону Беларус ва дар доираи он нишасти мустақими доираҳои соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои кории мазкур, ки дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати зиёда аз 15 ширкатҳову соҳибкори ватанӣ, ки соҳаҳои нассоҷӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, логистика ва ғайраҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳамроҳӣ намуданд. 

Дар рафти ҷаласа Раҳмонализода Ф. Р. дастовардҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои доираҳои тиҷоратии Беларус муаррифӣ намуда, аз онҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ даъват ба амал овард. 

Раиси Палатаи савдо ва саноати Брест иқтидори азими саноативу содиротии вилояти Брестро, махсусан дар бахшҳои мошинсозии вазнин, истеҳсоли таҷҳизоти технологӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва коркарди муосири маҳсулоти агросаноатӣ муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки ширкатҳои Брест омодаанд технологияҳои муосири худро ба бозори Тоҷикистон ворид намуда, дар соҳаи коркарди гӯшту шир, таъсиси маҷмааҳои мусоиди кишоварзӣ ва логистикаи транзитӣ лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро роҳандозӣ кунанд.

Ҳамчун натиҷаи амалӣ ва дастоварди калидии ҷаласаи Шӯрои корӣ, миёни 8 корхонаи ватании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкату корхонаҳои Беларус шартномаҳои молиявӣ ба имзо расонида шуданд, ки ин иқдоми стратегӣ ба устувории молиявӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолии бахши хусусӣ ва воридшавии сармояи мустақим замина фароҳам меорад. Инчунин дар рафти ҷаласа эълон гардид, ки дар нимаи моҳи августи соли 2026 ташрифи ҳайати бузурги тиҷоратии Беларус таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати Минск ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, барои онҳо барномаи боздид аз корхонаҳои пешқадами Тоҷикистон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва заминаҳои шартномавӣ омода гардидааст.

Дар анҷоми ҷаласа доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Беларус имкониятҳои тиҷоратии якдигарро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ва шартномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ дар марҳилаҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд. 

Мулоқоту музокироти дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ банақшагирифташуда идома доранд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд