РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ИШТИРОК ВА СӮХАНРОНӢ НАМУД - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ИШТИРОК ВА СӮХАНРОНӢ НАМУД
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ИШТИРОК ВА СӮХАНРОНӢ НАМУД

28 июли соли 2026 дар бинои Кумитаи иҷроияи вилояти Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таҳти ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Беларус Горлов Юрий Николаевич баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ иштирок ва сӯханронӣ намуд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати муколамаи олии созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко гардиши савдои хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2025 қариб 30 фоиз афзоиш ёфт ва ин тамоюли мусбат дар нимсолаи аввали соли 2026 низ идома дорад, ки ин омил заминаҳои муштараки палатаҳоро барои гузаштан ба ҳамкориҳои амиқи стратегӣ устувортар месозад.

Дар кори ҷаласа Раиси Палата бо гузориши муфассалу васеи соҳавӣ иқтидори кунунии истеҳсоливу содиротӣ ва мавқеи стратегии бахши хусусии кишварро дар доираи татбиқи барномаҳои саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ муаррифӣ кард.

Инчунин Раиси Палата фаъолият ва дастовардҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи онро ба ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар муаррифӣ намуд. Ҳамзамон гузориш оид ба натиҷаҳои баргузории муваффақонаи гуфтушунидҳои Б2Б дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои кории Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Брест пешниҳод гардида, оид ба сафари ҳайъати васеи тиҷоратии соҳибкорони Беларус таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати Минск ба Тоҷикистон дар нимаи моҳи августи соли 2026 иттилоъ дода шуд. 

Раҳмонализода Ф. Р. аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо даъват ба амал овард. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷудаи андозиву гумрукӣ заминаи устувори кафолати сармоягузориро ба вуҷуд меорад. 

Дар анҷоми сӯханронӣ Раиси Палата омодагии комили худро барои ҳамкориҳои байнипалатавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд