Санаҳои 14 октябри соли 2025 маросими кушодашавии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар ошёнаи 1, 2 ва 3-и «Кохи Ваҳдат»Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Ҷиҳати иштироки пурсамари ширкату корхонаҳои ватанӣ аз ҷониби Палата ба онҳо ғурфаҳои намоишгоҳҳӣ ва ҷиҳозҳои техникӣ таъмин карда шуд.
Дар намоишгоҳ 100 ширкату корхонаи истеҳсолию саноатии мамлакат молу маҳсулоташонро таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштаанд.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар кори Форум ва ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон Наимович иштирок намуд.
Дар доираи чорабинии мазкур Созишномаи ҳамкорӣ байни Палата и савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ҳамраиси Шӯрои кории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмед бин Али ал-Дахил барои тақвияти ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ