4 сентябри соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни муқаддасу умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ оғоз намуда, тамоми кормандони Палата ва дар симои онҳо соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусии кишварро ба муносибати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.
Раиси Палата дар баромади худ таъкид дошт, ки соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва волотарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навин ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурбинона ва фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба як маркази устувори сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ ва дипломатияи фаъоли «дарҳои кушод» табдил ёфтааст.
Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории Палата бо суханони табрикотӣ баромад намуда, оид ба арзишҳои олии соҳибихтиёрӣ, таърихи ватандорӣ, дастовардҳои назарраси иқтисодии кишвар дар соҳаҳои саноат ва савдо, инчунин нақши меҳварии Палата дар ташкили муколамаи самарабахш миёни давлат ва ҷомеаи соҳибкорӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд гардид, ки Палатаи савдо ва саноат ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии молу маҳсулоти миллӣ ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли воҳидҳои сохтории Палата, ки дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби Раиси Палата бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸