Санаҳои 17 октябри соли 2025 ҷаласаи Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Раёсат, Роҳбарияти Палата ва роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Палата дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва Хатлон иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Раёсат тибқи Рузнома мавзӯъҳои зерин баррасӣ гариданд:
1. Ҳисоботи Палата дар бораи фаъолияти Палата дар 9 моҳи соли 2025;
2. Дар бораи ба аъзогии Палата қабул ва тасдиқ намудани ширкату корхонаҳои нави ватанӣ;
3. Таъсиси намояндагии Палата дар Шоҳигарии Испания.
Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси Раёсати Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон ва аъзоёни Раёсат масъалаҳои рӯзнома баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳисоботи Палата дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон Наимович ироа карда шуд.
Ҳамзамон, ҳисоботи Палата дар 9 моҳи соли 2025 аз ҷониби аъзоёни Раёсат қаноатбахш ҳисоб карда шуда, аз ҷониби аъзоёни Раёсат қайд карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам рушди соҳибкорӣ, ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар, иштироки соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳҳо ва бизнес форумҳо дар хориҷи кишвар бояд зиёд карда шавад.
Инчунин, аз ҷониби аъзоёни Раёсати Палата аъзоёни нави Палата ба аъзогӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Дар баробари ин, намояндагии Палата дар Шоҳигарии Испания таъсис дода шуда, намояндаи Палата тибқи тартиб таъин карда шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ