2 октябри соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ҷаласаи Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байнипалатавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон намояндагӣ намуда, дар кори ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипалатавӣ ҷиҳати мусоидат ба иштироки ширкату корхонаҳои кишварҳои ИДМ дар намоишгоҳҳои байналмилалии дар кишварҳои узви Иттиҳод баргузоршаванда, таҷриба ва дурнамои истифодаи низомҳои электронии тасдиқи пайдоиши молҳо дар кишварҳои ИДМ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои узви ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони палатаҳо ба мувофиқа расиданд, ки нақшаҳои муайяншуда минбаъд тавассути палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ амалӣ гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои байнипалатавӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат намоянд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸