Иҷозат фармоед, ҳамаи Шумо — намояндагони фаъоли бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси ватаниро ба муносибати иди касбӣ — “Рӯзи соҳибкорон”, ки ҳамчун рамзи пуштибонӣ ва дастгирии фаъолияти бунёдкоронаи Шумо дар роҳи ободии Ватани азизамон бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 14 октябр дар сатҳи олии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, аз номи худ ва сохторҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намоям.
Итминони комил дорам, ки масъулиятшиносӣ, кордонӣ ва ташаббусҳои соҳибкории Шумо ҳамеша боиси пайравӣ буда, саҳми арзандаву мондагори ҳар яки Шумо баҳри таъмини рушди иқтисоди миллӣ намоён ва қобили таҳсин аст. Бахши хусусӣ имрӯзҳо ҳамчун муҳаррики асосии рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим баромад намуда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нақши босазо дорад.
Бо назардошти саъю кӯшишҳои ҳамарӯза ва иқдомҳои ояндасози Шумо баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандии бардавом, хонаободӣ, саодати рӯзгор, садоқат ба миллату давлат ва муваффақиятҳои касбиро таманно дорам. Итминони комил дорам, ки фаъолияти бунёдкорона ва ташаббусҳои соҳибкории Шумо минбаъд низ ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ хизмат карда, заминаи устувори пешрафту устувории давлати соҳибихтиёрамонро фароҳам меорад.
Бо эҳтиром,
Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ
Раиси Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸