Экономика
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ЭСТОНИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ЭСТОНИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 октябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии и.в Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) ҷаноби Яап Ора баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раҷабзода Ҳайдар ҷаноби Яап Ораро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузориро миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, роҳбарияти Палата ба меҳмон маълумот оид ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ пешниҳод намуда ҷониби Эстонияро барои иштирок дар чорабиниҳои ватанӣ аз ҷумла намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои иқтисодие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, даъват намуд.

Бо ҳамин мақсад пешниҳод шуд, ки соли 2026 ҳайати тиҷоратӣ аз Эстония иборат аз намояндагони бахши хусусӣ ва Палатаи савдо ва саноати Эстония бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ ва дидани корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ 

Хабарҳои монанд