Рӯзҳои 30 – 31 октябри соли 2026 дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синҷон – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии Арбитраж оид ба ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ва Конфронси кории роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Синҷон ва кишварҳои ҳамсоя аз ҷониби Ташкилоти байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ (ICDPASO) ва Кумитаи мусоидат ба рушди тиҷорати байналмилалии Синҷон (CCPIT) баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти Арбитражи байналмилалӣ барои давлат аҳамияти стратегӣ дошта, он ҳамчун катализатори калидии рушди иқтисодӣ, суботи ҳуқуқӣ ва ҷалби сармоягузорӣ хидмат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар, ки он рӯзи 14 октябри соли 2026 баргузор гардида буд, вобаста ба зарурати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди аудити мустақил ва таъсиси низоми самарабахши арбитражи байналмилалӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон таъкид намуданд.
Ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз судяҳои Суди олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арбитражи байналмилалии назди Палатаи савдо ва саноат таъсис дода шуда, бо мақсади мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкориҳо бо ҳамсоякишварҳо ва ба роҳ мондани заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори Форум сафарбар карда шуд.
Ҳамзамон, дар кори Форум намояндагони баландпояи кишварҳои ҳамсоя аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон ва Муғулистон ширкат варзида, аз фаъолияти Арбитражи байналмилалӣ дар кишварашон маълумотҳо пешниҳод намудаанд. Зикр гардид, ки иштирок дар чунин ҳамоиш ба манфиати иштирокчиён буда, метавонанд омӯзиши равишҳои амалии ҳалли баҳсҳо дар кишварҳои иштирокчиёнро дар фаъолияти кории худ истифода намоянд, ки он дар баробари ҳимояи самараноки судӣ, метавонад хароҷоти тиҷоратро кам кунад ва эътимоди сармоягузоронро афзоиш диҳад.
Ҳамзамон дар доираи Форум, Конфронси кории роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Синҷон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид. Зимни баргузории Конфронс, роҳбарони палатаҳои кишварҳои иштирокчиён вобаста ба рушди долони тиллоии Авруосиё ва таҳкими муштараки рушди иқтисодии минтақавӣ таклифу пешниҳодҳои худро зикр намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸