ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ОЛМОН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ОЛМОН
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ОЛМОН

4 ноябри соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ бо ҳайати намояндагони доираҳои соҳибкории Олмон баргузор гардид.

Ҳайати мазкур, ки зиёда аз 25 ширкатро дар бар мегирифт, бо ташаббуси Палатаи савдои хориҷии Олмон ва таҳти роҳнамоии роҳбари Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбруннер бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ, баррасии самтҳои нави ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Ҳайати соҳибкорони Олмонро намояндагони ширкатҳои дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ, саноати кимиё, металлургия, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, иқтисоди рақамӣ, машваратдиҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок фаъолияткунанда ташкил доданд.
Зимни вохӯрӣ Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, бахусус Олмон ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ намуда, оид ба имкониятҳои густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Ба ҳайати Олмон имкониятҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, инчунин шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар ин замина, масъалаҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, навсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи саноат, ворид намудани техника ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав миёни ширкатҳои Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Палата бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мунтазам ва тақвияти робитаҳои мустақими соҳибкорӣ пешниҳод намуд, ки Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Олмон таъсис дода шавад. Таъкид гардид, ки таъсиси чунин ниҳод барои ташкили мунтазами миссияҳои тиҷоратӣ, баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон дар қолаби B2B ва мусоидат барои ба даст овардани созишномаҳои мушаххаси тиҷоратию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин пешниҳод аз ҷониби ҳайати Олмон хуш пазируфта шуда, онҳо ҷиҳати баррасӣ ва пешбурди ташаббуси мазкур изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор намуда, аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Олмонро таъкид карданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸
Хабарҳои монанд