Имрӯз дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи муҳимму тақдирсози таърихӣ самимона табрик гуфт. Зимни суханронии худ Раиси Палата нақши мондагор ва таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон таъкид сохта, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона, ҷасорати сиёсӣ ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу суботи пойдор таъмин гардида, заминаи устувор барои рушди иқтисоди миллӣ гузошта шуд.
Дар идомаи сӯханронӣ дастовардҳои назарраси иқтисодии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар меҳвари сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ҳамеша дастгирии ҳамаҷонибаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ, бахусус саноатикунонии босуръат ва гузариш ба иқтисоди рақамию «сабз» қарор дорад.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи ислоҳоти хирадмандона, тайи ду даҳсолаи охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди кишвар 7,7 фоизро ташкил дода, ҷуғрофияи содиротии кишвар ба зиёда аз 110 давлати ҷаҳон васеъ гардид. Ҳамзамон, хизматҳои бесобиқаи Сарвари давлат дар таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва рушди дипломатияи иқтисодӣ махсус қайд карда шуданд.
Дар рафти ҷамъомад ҳамчунин маърӯзаҳои кормандони Палата оид ба аҳамияти таърихии институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва вазифаҳои минбаъдаи Палатаи савдо ва саноат ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва муаррифии бренди миллӣ шунида шуданд.
Дар анҷоми ҷамъомад иштирокчиён бори дигар садоқат ва омодагии комили худро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани азиз изҳор доштанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 📸