Имрӯз дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфт. Зимни суханронии худ роҳбари Палата нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қабули нахустин рамзи давлати соҳибистиқлол таъкид сохта, иброз дошт, ки маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ба рамзи ваҳдат, ягонагӣ ва сарҷамъии миллат табдил ёфт.
Дар идомаи баромад зикр гардид, ки имрӯз дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат Парчами давлатии Тоҷикистон дар қароргоҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дар саросари ҷаҳон ҳамчун нишонаи давлати мустақил, сулҳпарвар ва пешрафта парафшон аст. Таъкид карда шуд, ки барои кормандони Палатаи савдо ва саноат дипломатияи иқтисодӣ, дастгирии бахши хусусӣ, ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ таҳти ливои Ватан ва бренди миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ саҳми воқеӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар рафти ҷамъомад ҳамчунин кормандони Палата оид ба арзишҳои таърихии Парчами давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва нақши рамзҳои давлатӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар анҷоми ҷамъомад иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки бо меҳнати софдилона, садоқат ба Ватан ва ташаббускорӣ барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти рушди иқтисоди миллӣ минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 📸