Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони бахши хусусӣ як қатор мизҳои мудаввар ташкил намуд, ки ҳадафи онҳо тавсеаи ғояҳо ва вазифаҳои Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки дар назди Палата фаъолият мекунад, мебошад.
Мақсади асосии чорабинӣ — ташвиқи истифодаи арбитраж ҳамчун воситаи самараноки ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти иқтисодии ширкатҳо дар Тоҷикистон мебошад.
26–27 майи соли 2025 дар бинои Палата мизҳои мудаввари мавзӯӣ баргузор мегарданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими мавқеи ҳуқуқии субъектҳои соҳибкорӣ равона шудаанд. Барои иштирок дар ин чорабиниҳо ҳуқуқшиносони ширкатҳои ватанӣ даъват шудаанд.
Дар доираи барнома коршиносони байналмилалӣ Қайбилдаева Бегаим Мухитовна (Ҷумҳурии Қирғизистон), Белоусова Лариса Константиновна (Ҷумҳурии Узбекистон) чор сессияро доир менамоянд, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар мегиранд:
Арбитражи байналмилалӣ ва афзалиятҳои он барои бизнес;
Шартномаҳои FIDIC: татбиқ дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ва сармоягузорӣ;
Ҳамкории арбитраж бо бизнеси Тоҷикистон;
Самтҳои асосии арбитраж дар соҳаи тиҷорати электронӣ.
Қайд кардан зарур аст, ки 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Урумчӣ (вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин) Форуми арбитражии кишварҳои СҲШ: «Чин – Осиёи Марказӣ 2025» баргузор гардид, ки бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони ширкатҳои пешбари кишвар дар он иштирок намуданд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳоеро роҳандозӣ менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, тавсеаи дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодии намояндагони бахши хусусии кишвар равона шудаанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ