30 март дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати вилояти Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони 5 ширкати чинӣ ва 8 корхонаи ватанӣ иштирок намуданд.
Мулоқот дар шакли B2B баргузор гардида, дар доираи он ҷонибҳо бо фаъолияти якдигар шинос шуда, дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои сохтмон, консалтинг, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин парвариши сабзавот ва меваҳо баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои савдои ноҳияи Вэнцзян, вилояти Чэнду Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ