Аз 12 то 14 майи соли 2026 дар шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, Намоишгоҳи 9-уми байналмилалии нақлиёти интеллектуалӣ, инфрасохтори роҳ ва саноати муҳандисии Синҷон баргузор гардид.
Дар доираи намоишгоҳ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Чин конфронс баргузор карда шуд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди нақлиёт ва логистика ва Кумитаи рушди тиҷорати сабзи назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаҳои мазкур, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва конфронс иштирок намуданд.
Дар 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии Синҷон истеҳсолкунандагони чинӣ таҳияҳои инноватсионӣ ва роҳҳои ҳалли навро дар соҳаи нақлиёт, технологияҳо ва таҷҳизот барои сохтмони роҳҳо, таҷҳизоти махсус, истгоҳҳои пуркунӣ ва дастгоҳҳои ҳавопаймоии бесарнишин муаррифӣ карданд.
Иштирокчиёни конфронс дар бораи вазъи рушди сохторҳои нақлиётӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин дар бахши нақлиёт маълумот пешниҳод карданд.
Дар ин чорабинӣ мубодилаи афкор ва муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои чинӣ ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сурат гирифт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ