МУКОЛАМАИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
МУКОЛАМАИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
МУКОЛАМАИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21 майи соли 2026 дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе» Муколамаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба 35-солагии робитаҳои шарикии ду шаҳр бахшида шуда, тибқи розигӣ ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон ва аъзои Ҳукумати Санкт-Петербург – Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷӣ Евгений Григорев баргузор гардид ва дар он ҳайати расмӣ ва доираҳои тиҷоратии ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои калони давлативу хусусии ватанӣ иштирок доштанд.

Муовини Раиси Палата чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ба шарофати сиёсати стратегии сарони ду давлат, робитаҳои байнисоҳавии Тоҷикистону Русия вориди марҳилаи сифатан нав гардидаанд. Қайд гардид, ки Палата бо доштани заминаи беш аз 1200 аъзо омода аст ҳамчун мақоми масъул барои пайваст намудани ширкатҳои пешқадами Санкт-Петербург бо шарикони ватанӣ саҳми босазо дошта бошад.

Дар рафти чорабинӣ ва музокироти мустақими B2B, ҷонибҳо самтҳои калидии ҳамкорӣ, аз қабили инфрасохтори шаҳрӣ, энергетика, саноат ва металлургия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин тандурустӣ ва дорусозиро муҳокима намуда, имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самтҳоро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Инчунин зимни чорабинӣ имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳодгардида тариқи рӯнамо ва видеороликҳо ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз анҷоми сафар занҷираи мустақими мубодилаи иттилоот ва нақшаи ҳамкориро барои нимсолаи дуюми соли 2026 фаъол созанд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд