Общество
МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОХТМОНИИ «TAJBULD»
МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОХТМОНИИ «TAJBULD»

Санаи 1 октябри соли 2025 маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBULD» баргузор гардид.

    Санаи 1 октябри соли 2025 маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBULD» баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович, Намояндани тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рибас А. Л ва Роҳбари Ассотсиатсияи ширкати «TAJBULD» Алиҷон Қодиров иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Мавриди кайд аст, ки аз соли 2022 то инҷониб соли чорум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBULD» -ро доир менамояд.

    Мақсади асосии баргузори намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBULD» ин дарёфти шарикони нави ҳамкор, ворид намудани навгониҳо дар самти сохтмон ва ороиши биноҳои истиқоматӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, хамчунин аллбатта доду гирифт байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳибкории ватанӣ дар самти сохтмон мебошад.

    Намоишгоҳи мазкур давоми се рўз аз 1-ум то 3-юми октябр амал намуда, дар он зиёда аз 50 ширкату намояндагии корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла соҳибкорони муваффақ аз хориҷи кишвар аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва корхонаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Хабарҳои монанд