ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАМРАИСИ ШӮРОИ МУШТАРАКИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАМРАИСИ ШӮРОИ МУШТАРАКИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАМРАИСИ ШӮРОИ МУШТАРАКИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ

15 июни соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Enjaz Human Resources», ҳамраиси қисми саудии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Солеҳ Ал-Сувайҳ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи ҷории ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки ҳаҷми гардиши кунунии савдо миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи ибтидоӣ қарор дорад. Изҳор гардид, ки бо назардошти заминаҳои мусоиди сиёсӣ ва иродаи роҳбарони олии ду давлат, иқтидори бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба куллӣ афзоиш диҳад.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки таъсиси Шӯрои муштараки корӣ ва баргузории ҷаласаҳои он заминаи мусоидро барои эҷоди пули мустақими тиҷоратӣ фароҳам сохтааст. 

Дар рафти вохӯрӣ таваҷҷуҳи хосса ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дода шуд.

Дар навбати худ, Муҳаммад бин Солеҳ Ал-Сувайҳ омодагии комили доираҳои тиҷоратии Арабистони Саудиро барои таҳкими ҳамкориҳо ва сармоягузории мустақим ба лоиҳаҳои Тоҷикистон баён дошт. 

Ба сифати қадамҳои амалии навбатӣ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии Шурои болозикрро дар ҳошияи яке аз намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки баргузории онҳо дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, баргузор намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд