ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ШИРКАТИ МАЛАЙЗИЯГИИ «MEGA FORTRIS GROUP» - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ШИРКАТИ МАЛАЙЗИЯГИИ «MEGA FORTRIS GROUP»
ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ШИРКАТИ МАЛАЙЗИЯГИИ «MEGA FORTRIS GROUP»

16 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо ҳайати ширкати малайзиягии «Mega Fortris Group» баргузор гардид.

Зимни мулоқот ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои фазои соҳибкорӣ, иқтидори содиротӣ ва шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар муаррифӣ карда шуданд.

Аз ҷониби намояндагони ширкати «Mega Fortris Group» тариқи рӯнамо (презентатсия) самтҳои асосии фаъолияти ширкат, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти муҳофизатӣ, технологияҳои бастубандӣ ва ҳалли муосир дар соҳаи таъмини амнияти маҳсулот муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон, имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, табодули таҷриба ва иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалӣ иброз намуданд.


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд