Экономика
Корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи байналмилалии Anuga дар шаҳри Кёлни Олмон иштирок доранд.
Корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи байналмилалии Anuga дар шаҳри Кёлни Олмон иштирок доранд.

13 корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон, бозигарони калидии бозори хушкмеваҳо дар Осиёи Марказӣ, дар намоишгоҳи мӯътабари байналмилалии Anuga, ки рӯзҳои 4-8-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Swiss Cooperation - Tajikistan мебошад, сурат мегирад. Ин ибтикор дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Чумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои UNDP Aid for Trade (AfT) ва LITACA амалӣ мешавад.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозори ҷаҳонӣ шинос шаванд.

Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати табиӣ ва беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо ташриф меоранд ва дари нави имкониятҳои тиҷоратиро боз мекунад.

Хабарҳои монанд