РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРОИ КОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ИШТИРОК НАМУД - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРОИ КОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ИШТИРОК НАМУД
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРОИ КОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ИШТИРОК НАМУД

24 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи васеи Раёсати Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар он Раиси қисми миллии Шӯрои кории СҲШ аз Тоҷикистон, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ иштирок ва сӯханронӣ намуд.

Раҳмонализода Ф. Р. дар оғози суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмон ба сатҳи сифатан нав баромада, натиҷаҳои назарраси амалиро ба бор овардаанд.

Ҷаласаи мазкур бо ҳузури ҳайатҳои васеи сохторҳои иқтисодӣ, аз қабили роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои созмон ва намояндагони Котиботи марказии СҲШ сурат гирифта, ба баррасии роҳҳои рафъи монеаҳои техникӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти бахши хусусӣ дар шароити нави геоиқтисодӣ бахшида шуд.

Зимни суханронӣ Раҳмонализода Ф. Р. изҳор дошт, ки фазои иқтисодии СҲШ барои Тоҷикистон афзалияти стратегӣ буда, заминаи асосии рушди савдои минтақавиро ташкил медиҳад. Қайд гардид, ки саҳми давлатҳои аъзои СҲШ дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2025 ба нишондиҳандаи рекордии 75 фоиз баробар гардидааст.

Инчунин Раиси Палата қайд намуд, ки саҳми умумии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фаъолияти савдо ва соҳибкорӣ назаррас буда, оиди фаъолияту дастовардҳои он ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот манзур намуд.

Дар доираи баррасии ташаббусҳо, ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ҷаласаи гузашта дар Чинро оид ба таъсиси 3 гурӯҳи корӣ зарур шуморида, изҳор дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохторҳои зарурии зертобеъ ба монанди Кумита оид ба нақлиёт ва логистика, Кумита оид ба рушди тиҷорати сабз, Шӯрои савдои электронӣ, Маркази миёнаравӣ ва Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ мебошад, ки метавонанд ба тақвияти фаъолияти ин гурӯҳҳои корӣ саҳм гузоранд. 

Дар анҷоми сӯханронӣ Раиси Палата пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории СҲШ оид ба нақлиёт ва логистика дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои СҲШ моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор гардад ва дар доираи он Намоишгоҳи соҳавии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» ташкил карда шавад. 

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Раёсати Шӯрои корӣ дастгирӣ ёфта, ба Протоколи ниҳоии ҷаласа ворид карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси қисми миллии Шӯрои кории СҲШ аз Тоҷикистон Раҳмонализода Ф. Р. бо медали ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай сарфароз гардонида шуд.


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд