25 июни соли 2026 дар шаҳри Урумчӣ - маркази Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими расмии ифтитоҳи IX ЭКСПО-и «Чин - Авруосиё» баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии намоишгоҳию соҳибкорӣ дар минтақа ба шумор рафта, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Авруосиё нигаронида шудааст. Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам меорад.
Дар чорабинӣ намояндагони 27 кишвар иштирок доранд. Дар доираи ЭКСПО баргузории зиёда аз 80 чорабинии соҳибкорӣ, аз ҷумла форумҳои сармоягузорӣ, рӯнамоии лоиҳаҳо, музокироти тиҷоратӣ ва конфронсҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Намоишгоҳ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои фазои Авруосиё заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки намояндагони 47 ширкати ватаниро дар намоишгоҳи мазкур ташкил намудааст. Ширкатҳои мазкур соҳаҳои сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати нассоҷӣ, сайёҳии фарҳангӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, байторӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиро намояндагӣ мекунанд.
Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-и «Чин – Авруосиё» барқарор намудани робитаҳои мустақим бо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагон, боздид аз корхонаҳо, баргузории гуфтушунидҳо оид ба хариди мустақими таҷҳизот ва ашёи хом, ташкили шабакаҳои дарозмуддати таъминот, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мавзӯии намоишгоҳ пешбинӣ гардидааст.
ЭКСПО-и «Чин - Авруосиё» дар майдони тақрибан 140 ҳазор метри мураббаъ баргузор гардида, шаш самти асосиро дар бар мегирад: ҳамкориҳои сармоягузорӣ, қувваҳои нави истеҳсолӣ, соҳаҳои рақобатпазири саноат, рушди иқтисоди сабз, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Роҳи абрешим.
Бояд зикр намуд, ки гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҶСК «Абрикос и Компания» муаррифӣ менамояд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸