1 июли соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кэйко баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он тавсеаи робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. дар оғози суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопон дар сатҳи баланди сифатан нав қарор доранд ва нишондиҳандаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба таври устувор рушд меёбанд. Таъкид гардид, ки ба ҳолати соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Ҷопон қариб 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Раҳмонализода Ф. Р. омодагии Палатаро ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Ҷопон изҳор дошта, якчанд ташаббусҳои мушаххаси стратегӣ, аз ҷумла таъсис додани Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Ҷопон, ҷалби воситаҳои грантии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои дастгирии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро пешниҳод намуд.
Инчунин Раҳмонализода Ф. Р. вобаста ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон дар соли 2027, ки Раиси Палата ҳамчун Комиссари генералӣ муайян гардидааст, аз Сафир даъват ба амал овард, ки ҷиҳати интихоби ҷойи мусоиду сербинанда барои таъсиси Павилиони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Иокогама мусоидат намояд.
Сафири Ҷопон омодагии худро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои Палата ва суръат бахшидан ба ҳамкориҳои бахши хусусӣ изҳор дошт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸