ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ПАЛАТА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026 - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ПАЛАТА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ПАЛАТА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

9 июли соли 2026 ҷаласаи Раёсати Палата оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ, Муовинони Раис, Роҳбарияти Палатаҳои вилояти Суғд ва Хатлон кормандони дастгоҳи марказӣ ва аъзоёни Раёсати Палата иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Палата Раҳмонализода Ф. Р. оғоз намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷшударо ба аъзоёни Раёсати Палата пешниҳод намуд.

Сипас, оид ба фаъолияти Палата дар нимсолаи якуми соли 2026 Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон Наимович бо рӯнамо баромад намуда, вобаста ба корҳои дар ин давра анҷомдодашуда ба таври мухтасар ба ҳозирин маълумоти заруриро пешниҳод намуд.

Вобаста ба дигар масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷшуда Раиси Палата Раҳмонализода Ф. Р. суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли вазифаҳои дар назди Палата вогузоргардида, аз ҷумла ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, мусоидат барои рушди содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, зиёд намудани аъзоён, вусъат додани муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра таъкидҳои зарурӣ баён намуд. 

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Палата Раҳмонализода Ф. Р ба сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони палатаҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд