МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОП - 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ - 2026» БАРГУЗОР ГАРДИД - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОП - 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ - 2026» БАРГУЗОР ГАРДИД
МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОП - 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ - 2026» БАРГУЗОР ГАРДИД

14 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Палатаи савдо ва саноат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «ТОП - 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ - 2026»-ро баргузор намуд.

Дар маросими тантанавӣ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, инчунин намояндагони зиёда аз 120 ширкату корхонаҳои ватанӣ иштирок намуданд.

Маросим бо суханронии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ифтитоҳ гардид.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ ва таҳкими саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти миллӣ тавваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам дар баромадҳои худ таъкид менамояд, ки бахши хусусӣ омили асосии рушди устувор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто, Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП 35 шарики боэътимоди сол» ҳамчун гувоҳии олии эътирофи кӯшишҳои ширкатҳои ватанӣ — меъморони иқтисоди миллӣ хизмат мекунад. Ин маросим на танҳо арзёбии фаъолияти соҳибкорӣ, балки арҷгузорӣ ба нақши калидии бахши хусусӣ дар устувории Тоҷикистони мустақил мебошад.

Имрӯз бахши хусусии мо бо ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва коркарди амиқи захираҳои дохилӣ, дар бозори ҷаҳонӣ тамғаи «Made in Tajikistan»-ро муаррифӣ намуда истодаанд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми муҳим дар самти дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорони ватанӣ арзёбӣ гардид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд