20 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми саноати хӯроквории Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, маросими кушодашавии расмии Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳалли бастубандӣ барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ UPAK EXPO 2026» баргузор гардид.
Намоишгоҳи байналмилалии «UPAK EXPO-2026» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳандозӣ шудааст. Дар кори он беш аз 50 ширкатҳои пешқадами соҳавӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва Туркия иштирок ва молу маҳсулотҳои худро муаррифӣ мекунанд.
Баргузории намоишгоҳи мазкур ба рушди соҳаи бастабандӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири саноатӣ, тавсеаи робитаҳои кории тиҷоратӣ миёни истеҳсолкунандагону таъминкунандагон, инчунин ҷалби сармояи мустақим ба бахши саноати хӯрокворӣ нигаронида мешавад.
Барномаи кории намоишгоҳ музокироти мустақими Б2В миёни иштирокчиён, рӯнамоии маҳсулоти нав ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин имзои шартномаҳои мушаххаси молиявӣ ва созишномаҳои ҳамкориро дар бар мегирад.
Намоишгоҳи мазкур то 22 август идома меёбад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸