21 августи соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо ҳайати соҳибкорону сармоягузорони эронӣ таҳти роҳбарии Раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Гулистон (Гургон) Амир Юсуфӣ баргузор гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон гардиши савдои хориҷӣ ва робитаҳои иқтисодии ду кишвари дӯсту ҳамзабон ба таври устувор афзоиш ёфта, заминаҳои муосирро барои гузаштан ба лоиҳаҳои амиқи саноатӣ фароҳам сохтааст.
Дар рафти вохӯрӣ, Раҳмонализода Ф. Р. бо пешниҳоди гузориши муфассал дастовардҳои устувори макроиқтисодии кишвар, сохтори кумитаҳои тахассусии дохилӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои озоди иқтисодиро бо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак муаррифӣ намуд.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ, ҷаноби Амир Юсуфӣ иқтидори азими содиротии вилояти Гулистонро дар бахшҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати маъдан шарҳ дода, омодагии ширкатҳои эрониро барои воридоти технологияҳои муосир ва сармоягузории мустақим иброз дошт.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҳамчун натиҷаи амалии музокирот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд, ки ин ҳуҷҷат барои фаъолсозии робитаҳои мустақими бахши хусусӣ ва тавсеаи тиҷорати дуҷониба миёни вилоятҳои алоҳида замина фароҳам меорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати баргузории форумҳои муштараки тиҷоратӣ ва нишастҳои мустақими Б2Б миёни соҳибкорони ду кишвар, фаъолсозии заминаҳои шартномавии байнипалатавӣ ва имзои созишномаҳои мушаххаси молиявӣ ба мувофиқа расиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом ёфт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸