24 августи соли 2026, дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо ҳайати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия таҳти роҳбарии Ҷилл Сютенс, роҳбари Хадамоти ташрифоти Ҳукумати Фландрия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар, ки дар соҳаҳои фармасевтика, сайёҳӣ, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва дигар самтҳо фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ намуда, оид ба имкониятҳои густариши робитаҳои соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.
Ба ҳайати Белгия имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ муаррифӣ гардид. Дар ин замина, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат, воридоти техника ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Подшоҳии Белгия, дар солҳои охир рушд ёфта, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳои мусоид мавҷуд мебошанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаҳои мустақими миёни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Фландрия, ташкили вохӯриҳои корӣ ва B2B, табодули таҷриба, баргузории сафарҳои омӯзишӣ ва иштироки муштарак дар намоишгоҳҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавию байналмилалиро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни соҳибкорони ду кишвар вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸