Санаҳои 19–22 октябри соли 2026 бо даъвати Кумитаи тадорукоти Ҳафтаи мӯди Авруосиё 6 ширкати ватании дар соҳаи нассоҷӣ фаъолияткунанда дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи мӯд таҳти унвони «Матои мувозӣ ва меридианҳо, Роҳи абрешими пайваста», ки дар Маркази нассоҷии сабуки Шинҷон дар шаҳри Арал баргузор гардиданд, иштирок намуданд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» барои иштироки соҳибкорони ватанӣ дар ин чорабинӣ мусоидат намуда, онҳоро ба ҷустуҷӯи робитаҳои нави тиҷоратӣ, баррасии имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ сафарбар намуд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори истеҳсолии саноати нассоҷии Тоҷикистон, табодули таҷриба, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони хориҷӣ имкониятҳои муҳим фароҳам меорад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸