Рӯзи 9 октябри соли 2026, дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Туркманистон Намоишгоҳи дастовардҳои миллии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар доираи намоишгоҳ иштирокчиён аз кишварҳои узви ИДМ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон павилионҳои миллии худро ташкил намуда, дастовардҳои миллии худро муаррифӣ карданд.
Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 39 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои санъату нақшу нигори миллӣ ташкил карда шуд. Дар он иқтидори иқтисодию тиҷоратии кишвар дар соҳаҳои афзалиятнок, инчунин молу маҳсулоти ватанӣ дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла мошинсозӣ, кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан, маҳсулоти хӯрокворӣ ва обҳои ташнашикан, маҳсулоти коркардшуда, хушкмева ва асал, нассоҷӣ, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва сабз, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар маркази павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон экрани LED насб карда шуд, ки дар он наворҳои ҷолиб дар бораи ҳифзи муҳити зист ва табиати зебоманзари Тоҷикистон, иқтидори энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамии кишвар намоиш дода шуданд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳ таҳкими муносибатҳо, рушди ҳамкориҳои инноватсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни давлатҳои узви ИДМ, инчунин муаррифии иқтидори иқтисодию тиҷоратии онҳо мебошад.
Дар намоишгоҳ намояндагони Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон низ павилионҳои миллии худро ташкил намуда, молу маҳсулот ва иқтидори миллии кишварҳои худро муаррифӣ карданд.
Қайд бояд кард, ки аз кори намоишгоҳ роҳбарони давлатҳои иштирокчӣ дидан намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸