21 сентябри соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Мушовири бахши тиҷоратию иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои соҳавии марбут ба рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ ва диверсификатсияи савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Палата қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромада, заминаи устуворро барои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ фароҳам овардаанд.
Қисмати асосии вохӯриро баррасии масъалаи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «Нақлиёт ва логистикаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)» ва нишасти Гурӯҳи кории Шӯрои кории СҲШ оид ба нақлиёт ва логистика, ки рӯзҳои 19-21 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ташкил дод.
Раиси Палата аз ҷаноби Сун Хэ ҷиҳати ҷалби ширкатҳои бузурги нақлиётиву логистикии Чин ба Намоишгоҳи мазкур даъват ба амал овард.
Ҷаноби Сун Хэ дар навбати худ омодагии Сафорати Чинро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Палата ва сафарбар намудани доираҳои соҳибкории Чин ба ин чорабинии муҳим изҳор дошт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸