ТАЪСИСИ ИТТИҲОДИЯИ ПАЛАТАҲОИ САВДОИ КИШВАРҲОИ CAREC - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ТАЪСИСИ ИТТИҲОДИЯИ ПАЛАТАҲОИ САВДОИ КИШВАРҲОИ CAREC
ТАЪСИСИ ИТТИҲОДИЯИ ПАЛАТАҲОИ САВДОИ КИШВАРҲОИ CAREC

30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон дар доираи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) Форуми соҳибкорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович иштирок намуда, дар ҷараёни форум оид ба фаъолияти Палатаи савдо ва саноат, нақши он дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни форум имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи Форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ, рушди долонҳои мултимодалии нақлиётиву логистикӣ, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузории фаромарзӣ, инчунин рушди устувори энергияи «сабз» баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи форум Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Иттиҳодияи Палатаҳои савдои кишварҳои CAREC ба имзо расонида шуд. Таъсиси иттиҳодия ба таҳкими ҳамкориҳои байни палатаҳои савдо ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои узви CAREC мусоидат хоҳад намуд.

Санаи 1 октябри соли 2026 дар доираи чорабинии мазкур ҷаласаи муассисони Иттиҳодияи Палатаҳои савдои кишварҳои CAREC баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷониба ва раванди татбиқи санади баимзорасида мавриди муҳокима қарор гирифт.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд