19 ноябри соли 2026 мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Зулфиқор Хон ва директори минтақавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) оид ба Аврупо ва Авруосиё хонум Лиза Ленс Ҷедваб баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба баргузории форумҳои дар пешистода ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи соҳибкорӣ, густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва ҷалби бахши хусусӣ ба татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои охир рушд ёфта, барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Раиси Палата бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мунтазам ва тақвияти робитаҳои мустақими соҳибкорӣ як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкориро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори содиротии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, рушди соҳибкории стартапии занон ва ҷавонон, баргузории семинару омӯзишҳо, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва миёнаравӣ (медиатсия) аз ҷумлаи самтҳои пешниҳодшуда буданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Палата ташаббуси таъсиси Шӯрои муштараки корӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки таъсиси чунин ниҳод метавонад барои ташкили мунтазами миссияҳои тиҷоратӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои тарафайн, баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон дар қолаби B2B, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва мусоидат ба баимзорасонии созишномаҳои мушаххаси тиҷоратию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи пешниҳодҳои тарафайн ва идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸