5 марти соли 2026, дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор карда шуд.
Ҷаласаро Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ ифтитоҳ намуда, занону бонувони Палатаро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуд.
Дар сухаронии табрикотии худ Раҳмонализода Ф. Р. доир ба бузургии зан-модар ёдовар гардида, қайд кард, ки имрӯз хушбахтона таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар ватани мо қадри зан-модар баланд буда, мақоме хосеро дар кору зиндагӣ доро мебошанд.
Қайд гардид, ки саҳми бонувон-занони кишвар дар рушди иқтисодиёти кишвар назаррас буда, соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар намуда, ҷойҳои корӣ таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Дар баробари ин, дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат аз ҷумла саноаткунанонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори мамлакат наздик ба 109 ҳазор ё 28,2 фоизи онҳоро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, аз шумораи умумии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ наздик ба 53 ҳазор ё 29,1 фоизи онҳоро занон ташкил менамоянд.
Дар охири суханронии худ, Раҳмонализода Ф. Р. ба занону бонувони Палата ва дар симои онҳо ба ҳама занону модарони кишвар саломативу саодатмандӣ таманно намуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ