ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ - ТПП Республики Таджикистан
Фарҳанг
ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

31 марти соли 2026 ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисёбии Палатаи савдо ва саноат ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ кормандонро ба муносибати 66 солгарди таъсисёбии Палатаи савдо ва саноат ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, қайд намуд, ки 30 марти соли 1960, №130 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноат таъсис дода шуда, то имрӯз ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ саҳми назарраси худро мегузорад ва барои муаррифии молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ бо мукофотҳо ва медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

Оид ба таърихи таҷлили Рӯзи Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ гаштани он қайд гардид, ки аз замони шоҳ Ҷамшед то замони мо Рӯзи Наврӯз миёни мардуми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи тоҷикон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, дар тамоми саросари ҷаҳон бо риояи унсурҳои хоси наврузӣ ҷашн гирифта мешавад ва ҳамаи халқҳо бо вожаи забони тоҷикии “Наврӯз Муборак” якдигарро муборакбодӣ мекунанд.

Дар фарҷоми ҷаласа як қатор кормандони фаъоли дастгоҳи марказӣ ва Палатҳои вилоятӣ бо ифтихорномаҳо аз ҷониби роҳбарияти Палата қадрдонӣ карда шуданд.

Дар баробари баргузории ҷаласаи тантанавӣ, инчунин, дар саҳни Палатаи савдо ва саноат дастархони идонаи Наврӯзӣ бо ороиши ҳафтсину ҳафтшин ва дигар хӯроку таъомҳои миллӣ ташкил карда шуд.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд