22–23 октябри соли 2026 ҳайати соҳибкорони вилояти Пензаи Федератсияи Россия дар чорабиниҳои форуми «Хатлон Инвест» иштирок намуд.
23 октябр дар меҳмонхонаи «Кангурт» бо иштироки ҳайати Пенза ва намояндагони беш аз 25 ширкати тоҷикистонӣ мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли B2B баргузор гардиданд.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои логистика, нақлиёт, саноати хӯрокворӣ, комплекси агросаноатӣ, сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, металлургия ва саноатро баррасӣ намуданд.
Мулоқотҳо барои таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорӣ, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам оварданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸