16 апрели соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Зимбабве дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Марк Грей Маронгве баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла давлатҳои қитъаи Африқо ба таври самаранок ба роҳ монда истодааст.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуда, зарурати тавсеаи робитаҳои мустақими байни доираҳои соҳибкории ду кишварро таъкид карданд.
Раиси Палата қайд намуд, ки айни замон ҳаҷми гардиши савдои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Зимбабве дар сатҳи ибтидоӣ қарор дошта, ҷиҳати афзоиш додани он иқтидори зиёди истифоданашуда вуҷуд дорад.
Ҳамчунин ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар як қатор соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, саноати сабук ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар иброз намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ