ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БРИКС ВА ШОС ДАР ШАКЛИ В2В - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БРИКС ВА ШОС ДАР ШАКЛИ В2В
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БРИКС ВА ШОС ДАР ШАКЛИ В2В

Санаи 16 апрели соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Палатаи савдо ва саноат бо намояндагони тиҷоратии кишварҳои БРИКС ва ШОС бо иштироки соҳибкорони ватанӣ, ки дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва маводи озуқаворӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва саноати эҷодӣ фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ барқарор намудани робитаҳои корӣ ва гузаронидани гуфтушунидҳои мустақим дар шакли B2B буд.

Дар доираи вохӯрии мазкур ширкати консалтингии Русия «AGORA» хизматрасониҳои худро оид ба ташкил ва ба таври самаранок ба роҳ мондани фаъолияти ширкатҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия муаррифӣ намуд.

Ширкатҳои ватанӣ бо хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи «AGORA» шинос гардида, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ


Хабарҳои монанд