INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026: РӮЙДОДИ АСОСИИ СОЛ ДАР САМТИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ
Маълумоти асосӣ
Формат ва ташкилоткунанда
Тавсифи чорабинӣ
Душанбе, Тоҷикистон — Аз 18 то 20 июни соли 2026, дар Маркази намоишгоҳии
байналмилалии «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулот ва
хизматрасониҳои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026»
дар соҳаи тиб, косметология ва тандурустӣ баргузор мегардад.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар он ширкатҳои ватанӣ ва
хириҷӣ иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур имконияти беназиреро барои барқарор
намудани робитаҳои тиҷоратӣ, намоиши дастовардҳои навтарин дар соҳаи тандурустӣ
ва зебоӣ ва омӯхтани тамоюлҳои бозор ва дурнамои рушди соҳаро фароҳам меоварад.
Самтҳои асосии намоишгоҳ:
- 🏥 Таҷҳизот ва технологияҳои тиббӣ
- 💊 Маҳсулоти дорусозӣ
- 💄 Косметология ва тибби эстетикӣ
- 🧴 Маҳсулоти гигиенӣ ва тозагӣ
- 🧘 Самти солимӣ ва SPA
- 🔬 Таҷҳизоти лабораторӣ ва ташхисӣ
- 🌿 Маҳсулоти табиӣ ва
органикӣ
АФЗАЛИЯТҲОИ ИШТИРОК
✅ Тамосҳои мустақим бо истеҳсолкунандагон ва
дистрибюторҳо
✅ Муаррифии инноватсияҳо ва маҳсулоти нав
✅ Музокироти B2B бо шарикони эҳтимолӣ
✅ Мубодилаи таҷриба бо коршиносони соҳа
✅ Вуруд ба бозорҳои байналмилалӣ
АУДИТОРИЯ
-Намояндагони марказҳои тиббӣ ва клиникаҳо
-Соҳибони салонҳои зебоӣ ва маҷмааҳои SPA
-Ширкатҳои фармасевтӣ ва дистрибюторҳо
-Истеҳсолкунандагони маҳсулоти косметикӣ
-Харидорони яклухт ва фурӯшандагони чакана
-Намояндагони сохторҳои давлатӣ
БАРНОМАИ НАМОИШГОҲ
- 📊 Барномаи корӣ
- 🏆 Намоиши маҳсулотҳои нав
- 🤝 Музокирот ва вохӯриҳои B2B
Ҳуҷҷатҳо
Чорабиниҳои монанд
- Кишвар: Тоҷикистон
- Шаҳр: ш. Душанбе
- Формат: Офлайн