Санаи 23 майи соли 2025 вохӯрии и. в. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷеш Уике баргузор карда шуд.
Санаи 23 майи соли 2025 вохӯрии и. в. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷеш Уике баргузор карда шуд. Зимни вохӯрӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, дар доираи вохӯрии мазкур гуфтушунидҳо тариқи маҷозӣ бо Роҳбарияти Федератсияҳои Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор карда шуда, ҷонибҳо оид ба густариш додани муносибатҳо, иштирок дар ҳамоишу намоишгоҳҳои дар кишварҳои якдигар баргузоршаванда мубодилаи афкор намуданд.